Дар Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон: рӯйдодҳои таърихӣ, шахсиятҳо, мафҳум ва солнома» нашрияи маълумотӣ ба табъ расид.
Муаллифони маълумотномаи энксиклопедӣ коршиносони маъруф, профессорон Тоҷиддин Пиров ва Назаршо Назаршоев мебошанд. Дар маълумотномаи дуҷилда зиёда аз 5 ҳазор мақола дар бораи рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, сохти давлатдорӣ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон дарҷ ёфтаанд. Ҳамчунин аз он метавон дар бораи шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон маълумот ба даст овард. Дар маълумотнома ба мафҳуму ибораҳое, ки хусусиятҳои асосии рушди ҷомеаи Тоҷикистонро дар шароити соҳибистиқлолӣ дар бар мегиранд, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир шудааст.
Энсиклопедия бо солнома (хронология)- рӯйдодҳои муҳими таърихи Тоҷикистон анҷом меёбад. Китоби мазкур барои доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст. Ба андешаи муаллифони энксиклопедия, истифодаи он барои донишҷӯёну толибилмони мактабҳо, омӯзгорон ва ҳамаи касоне, ки ба маълумоти дақиқу боэътимод дар бораи Тоҷикистон ниёз доранд, муфид хоҳад буд.