Мурофиаи додгоҳӣ оид ба парвандаи журанлисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов, ки мебоист имрӯз дар боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд доир мегардид, мавқуф гузошта шуд.
Адвокати журналист Муҳаббат Ҷӯраева ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки раисикунандаи мурофиа (додраси шаҳри Табошар Саодат Атоева) бинобар дар мурофиа ҳузур надоштани адвокати дуюми журналист, ки мебоист имрӯз дар мурофиа суханронӣ мекард, тасмим гирифтааст, ки онро мавқуф гузорад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 16-уми сентябри соли равон
н
амояндагони васоити ахбори умум ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупову Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ба мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоиловроҳ дода нашуданд.
Ҳангоме ки онҳо дар ин хусус ба раиси додгоҳи вилояти Суғд Наим Мансуров муроҷиат карданд, ӯ пас аз сӯҳбати телефонӣ бо раисикунандаи мурофиа Саодат Атоева гуфт, журналистон ба мурофиа роҳ дода мешаванд.
Пас аз анҷоми мурофиа Саодат Атоева сабаби роҳ надодани журналистон ба мурофиаро чунин шарҳ дод, ки ӯ мӯҳрашро дар утоқи кориаш фаромӯш кардааст ва бинобар он, рӯйхати журналистонро барои пешниҳод ба кормандони боздоштгоҳ тасдиқ карда натавонистааст. Аммо сардори боздотгоҳ Иброҳим Солиев дар робита ба ин изҳороти судя гуфт, агар ӯ исрор мекард, онҳо ба ин кор монеъ намешуданд.
Адвокати рӯзноманигор Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва директори Маркази ҳуқуқии «Адвокати ту» қайд кард, ки баррасии мурофиаи додгоҳӣ барои он ба бинои тавқифгоҳ гузаронида шудааст, ки иштироки журналистон дар он маҳдуд карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мурофиа (16-уми сентябр) натиҷаҳои ташхиси лингвистии дар Пажӯҳишгоҳи забон ва шарқшиносии назди Академияи улуми ҷумҳурӣ баргузоршуда баррасӣ шудаанд.
Ҷӯраева иттилоъ дод, ки ташхис тасдиқ намудааст, ки дар мақолаҳои журналист далелҳои таҳқир ва маҳалгароӣ мавҷуданд, ки метавонанд ба барангехтани низоъи минтақавӣ боис гарданд.
Адвокат бо натиҷаҳои ташхис розӣ нест ва мақомоти доирнамудаи онро салоҳиятнок намешуморад. «Ташхис аз ҷониби мақомоти давлатӣ гузаронида шуд ва мутаносибан он ҷонибдорони ҳукуматдорон хоҳад буд. Айни замон агар ҳама ба чунин натиҷаҳо такя кунанд, пас журналистон умуман набояд маводи интиқодӣ бинависанд», – гуфт ӯ.
Ҳамчунин Ҷӯраева изҳор кард, ки ӯ аз додгоҳ дархост кардааст нисбат ба журналист чораи пешакии дар маҳбас нигоҳ доштани иваз карда шуда, ӯ озод гардад, вале додгоҳ бо ишора ба вазнин будани айбномаи пешниҳодшуда онро рад кардааст.
Маҳмадюсуф Исмоилов тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ дар тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар бинои додгоҳи вилоятӣ ҷаласаи додгоҳӣ оид ба парвандаи журналисти дигар – хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов идома меёбад.