Дар вилояти Хатлон тақсимоти қитъаҳои замине, ки аз ҷониби ҳукумат барои фонди манзил ҷудо шуда буданд, қариб ба андозаи 70% ба анҷом расиданд.
Бино ба маълумоти шӯъбаи иқтисод ва банақшагирии молиявии дастгоҳи раиси вилоят, аз 7 ҳазору 476,6 гектар замин 4 ҳазору 280,7 гектар аллакай ҷудо карда шудааст. Қитъаҳои замин барои сохтмони манзили зистро 33 ҳазору 498 оила соҳиб шуданд. Аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар 9-тоаш ҷараёни тақсимоти қитъаҳои замин аз фонди манзил пурра ба итмом расидааст. Дар шаҳру навоҳии боқимонда ин нишондиҳанда ба андозаи аз 16 то 85% баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, маълумоти мазкур ба маълумоти Кумитаи заминсозии вилоят мухолифанд. Мутобиқи маълумоти ин кумита, ба санаи 10-уми сентябр ба 163 нафар сокинони се ноҳияи вилоят – Бохтар, Ҷомӣ ва Мӯъминобод 15,56 гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.
Як манбаъ аз Кумитаи заминсозии вилоят мегӯяд, маълумоте, ки комиссияҳои ҷамъиятии шаҳру навоҳӣ ба дастгоҳи раиси вилоят пешниҳод менамоянд, ба воқеъият рост намеояд.
«Сарфи назар аз 30-юми декабри соли 2010 шурӯъ гардидани тақсимоти қитъаҳои замин, ба ҷуз маълумоти дар боло зикршуда, ба Кумитаи заминсозӣ дигар ҳеҷ асноде барои гирифтани сертификати истифодаи замин ворид нашудааст», – афзуд ҳамсӯҳбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».