spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Бозгашти 1 ҳазору 950 нафар тоҷикистониён аз макотиби динии хориҷӣ


То 1-уми сентябри соли равон аз макотиби динии кишварҳои исломӣ 1 ҳазору 950 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи маорифи Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Идибек Зиёев хабар дод, умуман дар кишварҳои исломӣ 2 ҳазору 413 нафар тоҷикистониён дар макотиби динӣ таҳсили илм мекарданд.

«Ба ватан танҳо он донишҷӯёне барнагаштанд, ки расман аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дин ба таҳсил фиристода шуда буданд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, аз донишҷӯёни ба ватан баргашта 129 нафар ба муассисаҳои таълимотии маҳаллӣ, 67 нафар ба макотиби таҳсилоти умумӣ, 57 нафар ба макотиби олии гуногун ва 8 нафар ба мадрасаҳо қабул карда шудаанд.

«Аммо донишҷӯёне низ ҳастанд, ки пас аз бозгашт боз ба ҷойи таҳсили пешина рафтанд, зеро онҳо дар курси охир таҳсил мекарданд ва мо ба онҳо иҷозат додем, ки таҳсилашонро ба итмом расонанд», – иброз дошт намояндаи кумита.

Дар мавриди тақдири минбаъдаи дигар донишҷӯёни баргашта Зиёев гуфт, «онҳо дар дохили кишвар ба таҳсили худ идома дода наметавонанд, зеро ягон ҳуҷҷате надоранд, ки таҳсилашон дар марказҳои динии кишварҳои исломиро тасдиқ намояд, вале айни замон аксари онҳо дар созмонҳои динӣ фаъолият дошта, бархеашон муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд».

Қобили зикр аст, ки ҷавонони тоҷик асосан дар макотиби динии кишварҳои исломие чун Арабистони Саъудӣ, Либия, Миср, Эрон, Покистон ва Яман таҳсил мекарданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...