Ҳукумати Ҷопон ҷиҳати барқарор сохтани мактаби рақами 30 дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон беш аз 110 ҳазор $ маблағ ҷудо мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, қарордоди бурсии мазкур дар ин хусусро сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хиройуки Имахаши ва муовини раиси ноҳияи Мӯъминобод Тоҳир Амиршоев ба имзо расониданд.
Мактаби мавзеъи «Ленинград» дар ноҳияи Мӯъминобод соли 1978 бунёд гардида, бинобар солҳои тӯлонӣ таъмир нагардидан дар ҳолати корношоям қарор дорад. Дар чаҳорчӯби таъмири мактаб маҷлисгоҳ ва толори варзиш аз нав барқарор карда мешаванд.
Пас аз анҷоми татбиқи лоиҳа зиёда аз 1000 нафар толибилмони мактаби таҳсилоти умумии рақами 30-и ноҳияи Мӯъминобод ва мактаббачагони макотиби гирду атроф метавонанд аз толори варзишӣ, ошхона ва маҷлисгоҳи нав истифода намоянд
Зимни пешниҳоди кӯмаки бебозгашти лоиҳаи амнияти гуманитарӣ барои қишри васеъи аҳолӣ бештар ба ҳокимияти маҳаллӣ, муассисаҳои маърифативу тандурустӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта афзалият дода мешавад. Шурӯъ аз соли 1996 дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҳукумати Ҷопон 272 лоиҳаҳои гуманитарӣ ба маблағи умумии 19,9 млн. доллари ИМА-ро дастгирӣ кард, ки баҳри рушди Тоҷикистон нигаронида шуда буданд.