Ҷаласаи додгоҳии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов, ки мебоист имрӯз баргузор мешуд, мавқуф гузошта шуд. Интизор меафт, ки маҳз имрӯз нисбат ба журналист ҳукми додгоҳ содир хоҳад шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати журналист Муҳаббат Ҷӯраева бо истинод ба суханони Раисикунанда дар мурофиа раиси суди шаҳри Табошар Саодат Атоева хабар дод, ҷаласаи додгоҳӣ бинобар бемории яке аз мушовирони суд ба вақти дигар гузаронида шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи қаблии додгоҳии Исмоилов рӯзи 29-уми сентябр дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд доир гардид. Зимни музокироти ҷонибҳо айбдоркунандаи давлатӣ – додситони шаҳри Табошар Амир Ғафуров аз додгоҳ дархост кард, ки ба Исмоилов ҷазои 16-соли маҳрумият аз озодӣ дода шавад ва бо истфода аз қонуни афв мӯҳлати ҷазои ӯ ба муддати 2 сол кам гардад.
Аммо ҷониби ҳимояи журналист ба чунин ҳукм қатъан изҳори норозигӣ кард. Адвокатҳои журналист Муҳаббат Ҷӯраева ва Садриддин Саидов ҳангоми музокирот мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноят дар амалҳои журналистро таъкид сохта, мутобиқи қонунгузории маҳаллӣ ва байнулмилалӣ ӯро бегуноҳ шуморидан ва аз толори додгоҳ озод карданашро талаб намуданд.
Маҳмадюсуф Исмоилов тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ дар тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешавад.
Сардабири нашрияи «Нури зинадагӣ» Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, сабаби ба ҳабс гирифтани рӯзноманигор фаъолияти касбиаш аст. Ба гуфтаи ӯ, матолиби дар ҳафтаномаҳои «Нури зиндагӣ» ва «Истиқлол» чопшудаи Исмоилов вокунишҳои доманадореро ба бор овардаанд.