Обуҳавои ғуборолуд ба қатъи парвозу қабули ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи пойтахт боис гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» хабар доданд, имрӯз фурудгоҳ ҳавопаймоҳое, ки аз шаҳрҳои Маскав, Шарҷа ва Алмаато омада буданд, қабул карда натавониста, онҳо дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд фуруд омадаанд.
«Бо беҳтар шудани вазъи обуҳаво дар Душанбе ҳамаи мусофирон ба Душанбе расонида мешаванд», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ.
Бино ба иттилои манбаъ, айни замон парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайрҳои Екатеринбург, Алмаато ва фурудгоҳи «Внуково»–и Маскав мавқуф гузошта шудааст. «Шояд ҳавои ғуборолуд пагоҳ соф гардида, парвози ҳавопаймоҳо тавсссути хатсайрҳо барқарор карда шавад», – гуфт манбаъ.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳавопаймои хатсайри Маскав-Кӯлоб низ бинобар ғуборолудагии обуҳаво дар Кӯлоб дар шаҳри Хуҷанд фуруд омадааст.