Субҳи имрӯз муассис ва сардабири маҷаллаи исломӣ ва занонаи «Азиза»-и ИМА Тайиба Тейлор ба маркази Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташриф оварда, бо намояндагони ҳизб вохурӣ намуд.
Тавре аз қароргоҳи ситоди ҲНИТ хабар доданд, рӯзноманигори амрикоӣ ба барномаҳои омӯзиши забон ва компютер аз ҷониби аъзои ҷавони ҳизб ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар ва мусобиқоти варзишӣ таваҷҷӯҳ зоҳир сохт.
Фаъолони ҳизб Бибисоро Кабирӣ ва Зарафо Раҳмонӣ ба меҳмон дар бораи нақши занон дар ҷомеаи Тоҷикистон маълумот дода, зикр карданд, ки яке аз вазифаҳои афзалиятноки ҲНИТ тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихор аз миллат ба шумор меравад.
«Зарафо Раҳмонӣ таъкид сохт, ки ахиран дар Тоҷикистон далелҳои поймолкунии ҳуқуқи занони диндор ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронӣ аст», – гуфтанд дар қароргоҳи ҳизб.
Имрӯз Тайиба Тейлор ҳамчунин аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон низ боздид карда, бо омӯзгорону донишҷӯёни он мулоқот орост. Айни замон дар ин донишкада 1 ҳазору 839 нафар таҳсили илм менамоянд, ки 283 нафарашон духтаронанд.