spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хуҷанд: Баррасии масоили дастрасии ҷабрдидагон аз шиканҷа ба кӯмаки ҳуқуқӣ


Дар кори мизи гирд, ки дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Марказ оид ба ҳуқуқи инсон бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода шуд, масоили марбут ба дастрасии адвокатҳо ба зерҳимоягони худ, кӯмаки ҳуқуқӣ расонидан ба ашхоси мавриди шиканҷа қароргирифта баррасӣ шуданд.

Намояндаи Марказ оид ба ҳуқуқи инсон Парвина Наврӯзова қайд кард, ки аз замони шурӯъи татбиқи лоиҳаи мубориза бар зидди истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон мунтазам далелҳои истифодаи шиканҷа ҳуҷҷатгузорӣ шуда, муайян карда шудааст, ки шиканҷаву зӯроварӣ маҳз аз вақти боздошт истифода мешаванд ва ҳуқуқи адвокатҳо ба дастрасӣ ба зерҳимояи худ риоя намегардад.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби марказ дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа бо адвокатҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ як қатор вохӯриҳои кории машваратӣ доир карда шуданд, ки дар онҳо мушкилоти асосии адвокатҳо зимни амалисозии фаъолият бобати дифоъ аз ҷабрдидагони шиканҷа мавриди баҳс қарор гирифтанд.

Наврӯзова афзуд, намояндагони марказ дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Додситонии кулл ва дигар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ пайи таҳияи дастур барои кормандони мақомоти додситонӣ оид ба тафтишоти пурсамари истифодаи шиканҷа мебошанд.

Намояндаи Лигаи занони ҳуқуқшинос Хуршеда Мӯъминзода зимни муаррифии натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи кории омӯзиши масъалаи «Дастрасии адвокат ба боздоштшудагон» изҳор кард, ки баъзан ба адвокат ҳатто имкон дода намешавад, ки бо қарор дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ шинос шавад.

«Вохӯрии адвокат бо зерҳимояи худ як қисмати фаъолияти адвокат ҷиҳати дифоъ аз шаҳрванд аст ва ин гунн кор зарурати таҳлили муштаракаи маводи парвандаро тақозо мекунад, ки бидуни истифодаи компютер мушкил аст. Ба муфаттишон барои истифодаи техника иҷозат дода шудааст, вале ин амал барои адвокатҳо манъ аст», – мегӯяд Мӯъминзода.

Дар анҷоми кори мизи гирд аз ҷониби адвокатҳо, намояндагони додгоҳи вилоятӣ, мақомоти додситонӣ ва Шӯрои адлия як қатор тавсияҳо таҳия гардид. Аз ҷумла пешниҳод шуд, ки ба як қатор моддаҳои Кодекси мурофиавӣ-ҷиноӣ, ки ба ваколати ҳимоягар ва ҳуқуқи гумонбаршуда дахл доранд, тагйироту иловаҳо ворид карда шавад.

 


Акс аз board.donetsk24.com.ua

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...