Имрӯз дар тамоми кишварҳои узви СММ, аз ҷумла Тоҷикистон ҷашни Рӯзи байнулмилалии коҳиши офатҳо таҷлил мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хабар доданд, соли равон ин ҷашн таҳти шиори «Барои коҳиши хатари офатҳо иқдом бикун» доир гардида, ба масъалаи шарикӣ бо кӯдакону ҷавонон бо мақсади кам кардани хатари офатҳо гузаронида мешавад.
Бахшида ба ин рӯз Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва шӯъбаи маорифи шаҳри Душанбе доир ба ин мавзӯъ озмуни расмҳо баргузор менамоянд. Озмун имрӯз дар бинои Маркази кӯдакону ҷавонон (собиқ Кохи пионерон) доир мегардад.
Ҳамчунин имрӯз дар мактаби таҳсилоти умумии №52-и шаҳри Душанбе оид ба мавзӯи «Заминларза» конфронс доир гардида, дар анҷоми он машқҳои амалии кӯчонидани (эвакуатсияи) хонандагон дар чунин вазъ баргузор мешаванд.