Дар доираи иштирок дар ҷаласаҳои ҳамасолаи маҷлиси умумии ИДМ, СААД ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар пойтахти шимолии Русия ба анҷом расиданд, вакилони парлумони Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни Тоҷикистон як силсила мулоқот анҷом доданд.
Раиси Кумитаи иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов ва раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони парлумон Марҳабо Ҷабборова бо вазъи маишат ва шароити меҳнати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар вилояти Ленинград ба кор машғуланд, аз наздик ошно гардиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия таҳсили илм доранд, ба масоили бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон пас аз хатми таҳсил дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.
Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров аз вакилон дархост кард, ки зимни сафари корӣ ба Русия ҳатман бо муҳоҷирини кории тоҷик вохӯранд.