Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар кори он муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, Ҳамоҳангсози доимӣ/Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Александр Зуев, Котиби «СММ-Масъалаҳои марбут ба об» Кенза Робинсон, Роҳбари Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, Сафир Ивар Викки, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар сохторҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Ба иттилои манбаъ, дар конференсия баррасии масоили ҷанбаҳои мрбут ба оби минтақа, аз ҷумла истифодаи таҷрибаи пешқадам оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ, масоили беҳбуди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, пешбурди истифодаи захираҳои обӣ барои рушд ва ҳифзи муҳити зист ва ғайра дар назар аст. |