spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Прокуратураи Хатлон арзи шаҳрвандони норизоро баррасӣ мекунад


Прокуратураи вилояти Хатлон аризаи сокинонеро, ки аз хароб кардани манзили зисташон шикоят бурдаанд, мавриди санҷиш қарор додааст.

Ҷамшеди Мӯсоҷонзода, прокурори шӯъбаи умумии додситонии вилояти Хатлон гуфт, ҳоло ин санҷиш шурӯъ шудааст ва дар ин бора то анҷоми он сӯҳбат карда наметавонад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тасмим дорад, зиёда аз 250 манзили зисти сокинони шаҳрро, ки дар ду тарафи соҳили сойи Тебалай дар масофаи 30 метр ҷойгиранд ва ба онҳо хатари сел таҳдид мекунад, бикӯчонад. Аммо ин қарори ҳукумати маҳаллӣ, ки аллакай ба кӯчонидани сокинон шурӯъ кардааст, боиси норизоии баъзеи онҳо гаштааст. Сокинон бар ин назаранд, ки қарори ҳукумати маҳаллӣ ҳуқуқи онҳоро ба манзил нақз мекунад.

Беш аз 30 нафар аз сокинони ин маҳалла тариқи расонаҳо ба прокуратураи генералӣ муроҷиат карда буданд.

Ҷумъахон Алимӣ, як тан аз сокинони ин мавзеъ мегӯяд: «Мо аз он нигаронем, ки ҳукумати маҳаллӣ бидуни ягон қарори мушаххас ба хароб кардани хонаҳо оғоз кардааст. Онҳо то кунун ба сокинон ягон ҳуҷҷат нишон надодаанд, ки дар асоси он сокинонро аз манзилҳояшон бароварда, хонаҳоро вайрон кунанд. Аз ин рӯ, мо ин амалро хилофи қонунҳои ҷории Тоҷикистон дониста, ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардем».

Аммо Озодӣ Ҳасанов, сармеъмори шаҳри Кӯлоб мегӯяд, шаҳрдорӣ танҳо ба хотири амнияти шаҳрвандон аз офатҳои табиӣ ва обод кардани шаҳри Кӯлоб тасмими кӯчонидани манзили сокинонро гирифтааст ва амали тахриби хонаҳои наздисоҳилӣ низ қонунист. Ба гуфтаи Ҳасанов, онҳо ҳатто забонхати сокинонро доранд, ки барои кӯчонидан розигӣ додаанд, вале ҳоло нофаҳмост, ки чаро норизоӣ баён мекунанд.

– Мо онҳоеро, ки хонаҳояшон қисман дар сели соли гузашта вайрон гардида буд, бо хона дар маҳаллаи навбунёд таъмин кардем ва ба оилаҳои дигари ин хонаҳо замин барои бунёди манзил додем. Яъне агар дар як хона чанд оила зиндагӣ дошт, мо як хонаи нав ва ба дигарашон аз рӯйи шумора замини хона додем, – афзуд Ҳасанов.

Бархе аз сокинон ин гуфтаҳоро тасдиқ карданд, аммо нигаронии худро аз дигар ҷиҳати масъала иброз доштанд. Моҳшариф Саъдуллоева, як тан аз сокинони ин маҳалла мегӯяд, ба онҳо хонаҳое додаанд, ки арзишашон ба арзиши манзилҳое, ки хароб карданиянд, баробар нест. Ӯ мегӯяд, ба тахриби манзилаш розӣ нест.

– Бигзор он хонаи додаашонро бозпас гиранд, вале манзили хонаи моро чаппа накунанд, – мегӯяд ин зан.

Бо вуҷуди эътирози сокинон, тайи як моҳи ахир масъулини ҳукумати шаҳри Кӯлоб аз он теъдод хонаҳое, ки бояд хароб гарданд, наздики 50 манзилро тахриб карда, сокинонашонро ба маҳаллаи навбунёд кӯчонидаанд.

Ҳоло сокинон бар ин умед ҳастанд, ки прокуратураи вилояти Хатлон ба арзи онҳо расидагӣ мекунад ва онҳо дар хонаҳои пештараашон зиндагӣ хоҳанд кард.

Роҷеъ ба ин қазия Сергей Романов, сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон иброз дошт, ки мувофиқи тавсияҳои Раёсати Гузоришгари махсус оид ба масъалаи манзили кофӣ, ба мавзеи дигар кӯчонидани шаҳрвандон ҳангоми номусоидии обу ҳаво, аз ҷумла, дар мавсими сармо тавсия дода намешавад. Зиёда аз ин, принсипҳои асосӣ ва нишондодҳои раҳбарикунандаи кӯчонидан ва ҷойивазкунӣ бо мулоҳизоти рушд муқаррар мекунанд, ки «ба ашхоси мекӯчида имкони арзёбикунӣ ва ҳуҷҷатисозии хисороти ғайримоддӣ барои гирифтани ҷуброни лозимӣ бояд дода шавад». Ҳамзамон Кодекси гражданӣ, Кодекси манзил ва Кодекси замини ҶТ  барои тахриби манзил ҷуброни баробарарзишро бо нархи бозаргонӣ пешбинӣ мекунанд. Ба ин тариқ, ҳуқуқи инсон ба моликияти хусусӣ, имкони интихоби ҷойи зисти нав ва ташкили шароити ҳамсони зиндагие, ки инсон дар макони пешинаи истиқоматаш дошт, бартарӣ дорад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...