spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Омбудсмени Тоҷикистон ба баргардони ду кӯдаки тоҷикистонӣ аз Молдова кӯмак кард


Мақомоти васояту парастории ноҳияи Григориополски назди Днестри Ҷумҳурии Молдова ба унвони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҳамин ҷумҳурӣ бо дархост барои мусоидат намудан барои барқарор намудани шаҳодатномаи таваллуди тарбиятгирандаи Хонаи бачагони шаҳри Бендер Сартыков Владислав Абдуҷалилович санаи таваллудаш 25.12.1998 муроҷиат намуда буд.

Тавре аз дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон хабар доданд, аз ҳуҷҷатҳои мавҷуда маълум шудааст, ки Сартыков Владислав Абдуҷалилович зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ному насаби падараш Сартыков А.З. ва модараш Гулпар С.И. будаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони назди Днестри Ҷумҳурии Молдова бо дархост аз 29 январи соли 2010 барои мусоидат намудан дар барқарорсозии нусхаи шаҳодатномаи таваллуди  Сартыков Владислав ва ба назди Днестри Ҷумҳурии Молдова ирсол намудани он ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд.

Моҳи марти соли 2010 бо мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи  шаҳодатномаи таваллуди Сартыков В.А. барқарор карда шуда, ба суроғаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони назди Днестри Ҷумҳурии Молдова ирсол карда шуд.

Баъдан Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  назди Днестри Ҷумҳурии Молдова В. Калко ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Ализода барои пурра аниқ кардани вазъи ҳуқуқии Сартыков В.А., ки бесаробон мондааст, мактуби дархости ирсол намуд. Дар он мактуб хоҳиш намуда буд, ки дар бораи падари Сартыков В.А. – Сартыков Абдуҷалил Зокирович маълумоти пурра, аз ҷумла нусхаи санади ақди никоҳ байни волидайни  Сартыков В.А., маълумот дар бораи шахсият ва ҷойи зисти доимии падари Сартыков В.А. ва ғ. пешниҳод намоем.

Барои тезонидани натиҷаи кор ва бо мақсади маълумот гирифтан дар бораи шаҳрванд Сартыков Абдуҷалил Зокирович, маълум карда шуд, ки ҷойи қайди зисти ӯ  кӯчаи Ғалабаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошад.

Баъди дарёфти манзили зисти оилаи Сартыковҳо ва сӯҳбат бо аҳли хонаводаи онҳо маълум карда шуд, ки Сартыков Абдуҷалил Зокирович айни замон дар шаҳри Иркутски Федератсияи Россия кор мекардааст.

Баъди он, ки волидайни Сартыков Абдуҷалил фаҳмиданд, ки набераашон Сартыков Сӯҳроб (Владислав) зиндаю саломат аст, ниҳоят шод шуда, хоҳиш намуданд, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои дарёфти модари Владислав ва хоҳарчаи ӯ Лисолат (Рисолат) мусоидат намояд. Чунки онҳо аз соли 2002 инҷониб дар Федератсияи Русия (ш. Москва)  келин ва ду набераашонро суроғ намуда, натиҷае нагирифтаанд. Онҳо хаёл ҳам намекарданд, ки набераҳояшон дар Хонаи бачагони назди Днестри Ҷумҳурии Молдова маскунанд.

Бо назардошти муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии оилаи Сартыковҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони назди Днестри Ҷумҳурии Молдова барои муосидат намудан барои дарёфти фарзанди хурдии оила Сартыкова Рисолат ва ба оила баргардонидани кӯдакон мактуби дархости ирсол намуд (нусхаи муроҷиати амаки Владислав ва Рисолат Сартыков Абдусаттор Зокирович, расмҳои давраи хурдсолии Рисолат ва Владислав ҳамроҳи бибиашон, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Россия соли 2002 гирифта буданд бо мактуби Ваколатдор замима карда шуданд).

Минбаъд бо мақсади ҳалли масъала ва ҳарчи зудтар  ба оила баргардонидани кӯдакон  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Днестри Ҷумҳурии Молдова ва Директори хонаи бачагони Бендер тариқи алоқаи телефонӣ сӯҳбат гузаронид. Баъдан   маълум шуд, ки Рисолат низ дар Хонаи бачагони Бендер маскун будааст ва ӯ умуман шаҳодатномаи таваллуд надоштааст, бо мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаҳодатномаи таваллуди Рисолат низ барқарор карда шуд.

Бо мусоидати Ваколатдор як қатор ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба монанди маълумотнома аз ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур (дар бораи доғи суди надоштани Сартыков Абдуҷалил Зокирович), маълумотнома дар бораи ҷойи зисти доимии Сартыков Абдуҷалил Зокирович ва падару модари ӯ, маълумотнома дар бораи ҷойи кори доимии Сартыков Абдуҷалил (аз шаҳри Иркутски Федератсияи Россия),  нусхаи шиносномаҳои падару модар, бародар ва ҳамсари бародари Сартыков Абдуҷалил ва маълумотнома дар бораи вазъи саломатии ҳамаи онҳо ҷамъ оварда шуда, дар ҳамкорӣ бо Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳияи Шоҳмансур санҷиши шароити зисти Сартыковҳо гузаронида шуда, санади дахлдор тартиб дода шуд. 

Бади ҷамъ овардани ҳуҷҷатҳои зикргардида ин ҳуҷҷатҳо тариқи факсималӣ ба Хонаи бачагони Бендер ирсол карда шуданд.  Баъди гирифтани розигии Директори хонаи бачагон барои ба падар (мувофиқи маълумотҳои бадаст овардашуда модари кӯдакон аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карда шудааст) баргардонидани кӯдакон бо мусоидати Ваколатдор аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ду кӯдак шаҳодатномаи муваққатӣ барои бемамоният аз сарҳадҳои давлатҳои дигар гузаштан омода карда шуд. (Бояд қайд кард, ки дар баробари омода намудани ҳуҷҷатҳо Ваколатдор бо Директори Хонаи бачагон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Днестри Ҷумҳурии Молдова ва падари кӯдакон, ки дар Иркутск буд, доимо дар ҳамкорӣ ва алоқаи телефонӣ буд).

Баъди омода гаштани  ҳуҷҷатҳо барои бозгашти кӯдакон нусхаи аслии онҳо ба падарашон Сартыков Абдуҷалил ба Федератсияи Россия ирсол карда шуд.

Баъдан бо назардошти шароити моддию молиявии оилаи Сартыковҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Днестри Ҷумҳурии Молдова дархост намуд, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда  ба Сартыков А.З. ва фарзандонаш дар хариди чиптаи тайёра барои бозгашт ба Тоҷикистон мусоидат намояд ва ин дархост ҳалли мусбии худро ёфт.

Сартыков Абдуҷалил бо фарзандонаш айни ҳол ба Тоҷикистон баргашта зиндагӣ доранд.

Аз муроҷиати иловагии Сартыков Абдуҷалил Зокирович (аз 27.09.с.2011) ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон маълум гардид, ки мушкилоти идомаи таҳсили кӯдакон дар муассисаи таҳсилоти умумӣ пеш омадааст. Ин муроҷиати Сартыков барои мусоидат ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуда, натиҷаи он ба назорат гирифта шуд. Кӯдакон айни ҳол дар шаҳри Душанбе таҳсили худро идома дода зиндагии хушбахтона доранд.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...