spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Журналистони тоҷик маҳорати худро дар таҳияи гузориш аз мурофиаи судӣ сайқал доданд


Дар давраи омӯзишӣ таҳти унвони «Хусусияти таҳияи гузоришҳо оид ба мурофиаҳои судӣ», ки рӯзҳои 17-21 октябри соли ҷорӣ дар толори меҳмонхонаи «Меркурий» баргузор гардид, 20 корманди расонаҳои чопию электронии шаҳри Душанбе ва манотиқи гуногуни кишвар ширкат варзиданд.

Ин чорабиниро Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» дар доираи лоиҳаи «Инъикоси масоили адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО» бо мусоидати Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор кард.

Дар ҷараёни чорабинии маърифатӣ масоили ҳуқуқ ба мурофиаи боадолати судӣ, нақши рӯзноманигор дар таҳия ва барасмиятдарории мавод, ҳуқуқҳои мурофиавӣ ва ӯҳдадориҳои рӯзноманигор дар суд баррасӣ шуданд.

Журналистон ҳамчунин зимни иштирок дар мурофиаҳои судӣ дар судҳои ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ таҷрибаи амалӣ касб карданд. Журналистон ҷараёни мурофиаҳои судӣ ва рафтори ҳар як иштирокчии онро мушоҳида карда, онро дар дафтарҳои кории худ ва диктофонҳо сабт карданд. Мебояд гуфт, ки сабти ҷараёни мурофиаи судии ҷиноӣ ба диктофон бидуни иҷозати суд барои як қатор журналистон навгоние буд.

«Мутаассифона, аксари журналистон воқиф нестанд, ки мутобиқи моддаи 273, қ. 5-и Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии ҶТ (Таъмини шаффофияти мурофиаи судӣ), шахсони дар мурофиаи судӣ ҳозир ба сабти хаттӣ ё магнитофонии он ҳуқуқ доранд. Барои аксбардорӣ ва бо видео навор бардоштан иҷозати рисикунандаи мурофиа ва розигии ҷонибҳо зарур аст», – мегӯяд мураббии чорабинӣ Сергей Романов.

Аз ҷумла, дар мурофиаи судӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, ки дар он ронанда ба пахши духтари ноболиғ бо автомашина ва боиси марги ӯ гардидан айбдор карда мешуд, ҷониби ҷабрдида ба судшаванда ҳеҷ даъвое надошт, зеро ронанда пас аз рух додани ин воқеъа аз ҷойи ҳодиса ғайб назада, ҷабридаро ба беморхона бурдааст ва дар табобати ӯ ёрии зарурӣ расонидааст. Сарфи назар аз тамоми кӯшишот, кӯдак рӯзи чорум дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Айбдоркунандаи давлатӣ барои судшаванда 3 солу 4 моҳ маҳрум кардан аз озодӣ бо адои мӯҳлати ҷазо дар муассисаи ислоҳтии сукунат сукунат ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба мӯҳлати ду сол пас аз озодиро талаб кард.

Дар навбати худ, падари духтари ҳалокшуда аз суд дархост кард, ки ба судшаванда ҷазои марбут ба аз озодӣ маҳрум кардан дода нашавад, зеро ӯ чор фарзандро тарбия мекунад. Адвокати судшаванда ҳам чунин ҷазоро талаб кард. Суд айбдоршавандаро ба мӯҳлати 3 сол маҳрум кардан аз озодӣ бо адои мӯҳлати ҷазо дар муассисаи ислоҳотии сукунат ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронаднагӣ ба мӯҳлати 1,5 сол пас аз озодӣ маҳкум кард. Эълон гардид, ки судшаванда ва адвокати ӯ дар муддати 10 рӯз метавонанд аз болои ин ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят баранд.

Пас аз анҷоми мурофиаи судӣ журналистон ба баррасии ҷараёни мурофиаи судӣ шурӯъ карда, атрофи лаҳзаҳои мусбат ва манфии он табодули афкор намуданд. Мутахассисони Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон аз нигоҳи ҳуқуқӣ тамоми далелҳои овардаи онҳоро шарҳ доданд. Бо анҷоми мурофиаи судӣ иштирокчиёни тренинг дар алоҳидагӣ маводи худ дар бораи ҷараёни мурофиаи судиро омода карданд. Мураббиён дар ҳамдастӣ бо журналистон ҳар кадоме аз маводро баррасӣ намуда, ба ҷиҳатҳои мусбату манфии он ишора карданд.

«Қаблан ман дар истифодаи истилоҳоти ҳуқуқӣ ба иштибоҳ меафтодам ва тренинги мазкур ба ман дар бартараф сохтани ин камбудӣ кӯмак кард. Ғайр аз ин, мо воқеъан дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок кардем ва пас аз он гузориш таҳия сохтем. Акнун сатҳи дониши ман дар ин соҳа зиёдтар шуд», – гуфт яке аз иштиркчиёни тренинг, журналист аз шаҳри Турсунзода Иброҳим Абдулхаев.

Ин тренинги дуюм аз силсилаи чорабиниҳои омӯзишӣ мебошад, ки ба ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба масоили риояи ҳуқуқи инсон ва адолати судӣ дар Тоҷикистон, ташкили таҳкурсӣ барои аз ҷониби аҳли ҷомеа баррасӣ шудани ин масоил ва ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО имкон фароҳам месозад. Тренинги панҷрӯзаи қаблӣ моҳи майи соли равон доир гардида буд.

Таъмини техникии баргузории тренингро Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба ӯҳда дошт.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...