Фраксияи Ҳизби либераливу демократии Русия ба баррасии Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки дар он ба анҷом додани расму оини қурбонии чорво дар ҷойҳои барои ин амал махсус ҷудонашуда иҷозат дода намешавад.
Бино ба иттилои Metronews.ru, мутобиқи қонуни мзкур, расму оини ибодат ё динии марбут ба амалҳои зӯроварӣ нисбат ба инсон ё ҳайвонот (қурбонӣ кардан, бахшидан, унвони динӣ додан ва ғайра) бояд танҳо дар биноҳои барои ин амал пешбинишуда сурат гиранд.
Барои дар кӯчаҳо (агар расму оин дар наздикии муассисаи кӯдакона сурат гирад) анҷом додани қурбонӣ кардан 15 рӯзи маҳбас пешбинӣ шудааст.
Намояндагони Ҳизби либераливу демократии Русия дар ВАО иброз доштаанд, ки анҷом додани амалӣ қурбонӣ кардани чорво дар пеши чашмони шаҳрвандони оддӣ ва кӯдакон боиси маломату сарзаниши ҷомеа гардидааст ва чунин расму оин хилофи қоидаҳои санитарӣ буда, ба рӯҳияи одамон таъсири манфӣ мерасонад.
Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи оянда мусулмонони саросари ҷаҳон Иди Қурбонро ҷашн мегиранд. Расму оини қурбонӣ кардани чорво натанҳо дар Макка, балки дар маҳалли зисти мусулмон ва дигар макон низ метавонад анҷом дода шавад.