spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Тоҷикистон барои маъюбон аробачаҳо истеҳсол карда мешаванд


Дар заминаи коргоҳи «Дилшод»-и ноҳияи Вахш истеҳсоли аробачаҳо барои маъюбон ба роҳ монда мешавад.

Чанде қабл Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон ба татбиқи лоиҳа оид ба такмили истеҳсоли аробачаҳо барои маъюбон дар заминаи коргоҳи «Дилшод»-и ноҳияи Вахш ва таъмири мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор барои кӯдакони дорои имконоти маҳдуд шурӯъ кард. Ҳукумати Ҷопон баҳри амалисозии ин лоиҳа 559,3 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо кард.

Да маросими баимзорасии лоиҳа миёни сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон ҳамоҳангсози ассотсиатсияи зикршуда Йошио Накагави изҳор кард, ки лоиҳаи мазкур баҳри бештар мустақил будани шахсони дорои имконоти маҳдуд амалӣ мегардад.

Ба гуфтаи вай, дар доираи татбиқи лоиҳа коргоҳи «Дилшод»-и ноҳияи Вахш таҷдид ва бо таҷҳизоту дастгоҳи муосири истеҳсоли аробачаҳо барои маъюбон муҷаҳҳаз гардида, ҳамчунин барои коргоҳ генераторҳои барқӣ, дастгоҳҳои кафшергариву ҳарротӣ харида мешаванд.

«Тамоми лавозимоти зикршударо харида, ба коргоҳ медиҳем. Бояд гуфт, ки 70%-и коргарони ин коргоҳ ашхоси дорои имконоти маҳдуд мебошанд. Ҳамчунин барои омӯзиши тарзи кор бо дастгоҳу таҷҳизот ба коргоҳ мутахассиси ҷопонӣ даъват карда мешавад», – гуфт ҳамоҳангсози лоиҳа.

Бино ба маълумоти ӯ, дар муддати як соле, ки лоиҳа амалӣ мегардад, дар коргоҳ беш аз 100 адад аробачаҳо барои маъюбон истеҳсол карда мешаванд ва минбаъд коргарон мустақилона ба кор хоҳанд пардохт.

Дар мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор, ки аз замони ба истифода доданаш дар соли 1983 то ҳанӯз рӯйи таъмирро надида буд, Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон боми бино ва гармхонаро навсозӣ менамояд. Гармхонаи навсохта ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат барои тамоми муддати сол парвариш кардани сабзавоту мева имкон фароҳам меоварад.

«Бо аробачаҳо барои маъюбони истеҳсоли коргоҳи «Дилшод» тарбиятгирандагони мӯҳтоҷи мактаб-интернати Ҳисор низ таъмин карда хоҳанд шуд, зеро феълан аз як аробачаи маъюбӣ чанд нафар бонавбат истифода мекунанд. Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон умедвор аст, ки аз робита миёни ду ҷанбаи лоиҳа манфиати зиёд ҳосил хоҳад шуд», – афзуд Йошио Накагави. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...