spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Иттифоқи истеъмолгарон дар баргардонидани моли корношоям ба сокини Хуҷанд кӯмак кард


Филиали Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мурофиаи судии шаҳрвандӣ ба сифати даъвогар иштирок карда, муваффақ шуд, ки ба сокини шаҳр маблағи пулӣ барои моли корношоям баргардонида шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори филиали мазкур Умедҷон Болтуев хабар дод, даъвои шаҳрвандӣ ба манфиати истеъмолгар моҳи ноябри соли 2010 ба суди шаҳри Хуҷанд фиристода шуда буд. Дар даъво бекор кардани қарордоди шифоҳии хариду фурӯш миёни яке аз мағозаҳои шаҳри Хуҷанд ва сокини ҳамин шаҳр талаб карда шуд. Аз ҷумла, истеъмолгар ният дошт, ки ҳавософкун (кондитсионер)-и корношоямро баргардонида, маблағи арзиши пулии он дар ҳаҷми 1 ҳазору 095 сомониро бозпас пардохт кунад. Ба ивазаш аз мағоза талаб карда шуд, ки ба истеъмолгар 600 сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ ва 1,5 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷаримаи аҳдшиканӣ пардохт намояд.

Бо назардошти тамоми ҳолатҳои парванда, суд даъворо қонеъ сохта, дар бораи иҷрои он қарор содир кард. Акнун анҷоми минбаъдаи кор ба дӯши иҷрокунандагони судӣ аст.

«Фикр мекунам, ки айни замон агар истеъмолгарон – сокинони вилояти Суғд ба чанде аз масъалаҳои начандон мушкил таваҷҷӯҳ зоҳир созанд, дар суд аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда метавонанд. Дар моддаи 9 ва 10-и Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон» гуфта мешавад, дар молу маҳсулот бояд дар бораи истеҳсолкунанда, фурӯшанда ва маҳсулот маълумот мавҷуд бошад. Масалан, агар зимни харидани техникаи маишӣ чунин маълумот мавҷуд набошад, аз фурӯшанда дархост намоед, ки дар бастаи молу маҳсулот ному насаб, санаи фурӯш, макони ҷойгиршавии нуқтаи фурӯш ва мӯҳлати кафолатнокро нависад ва зери он имзо гузорад. Ин амал зимни дифоъ аз ҳуқуқҳои худ дар суд далели кофӣ буда метавонад», – тавсия медиҳад Болтуев.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...