Ҳафтаи аввали моҳи ноябр обуҳавои шаҳри Душанбе борониву абрнок боқӣ хоҳад монд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси Агентии обуҳавошиносии ҶТ Сабзина Сиҷодшоева хабар дод, то санаи 3-юми ноябр дар ҷумҳурӣ борон борида, дар манотиқи куҳистон он ба барф мубаддал мегардад. Ҳамчунин манотиқи кӯҳистони ҷумҳуриро тумани ғализ фаро мегирад.
Дар шаҳри Душанбе шамоли ғарбӣ 9-14 м/сония, баъзан то 15-20 м/сония, боришот, ҳарорат то + 10
0
С паст мешавад.
Ахири ҳафта дар пойтахт ҳавои абрнок ва боришоти начандон зиёд пешгӯйӣ мешавад.
Коршиносон то нимаи моҳи ноябр боқӣ мондани чунин обуҳавои борониву абрнок дар пойтахтро аз эҳтимол дур намедонанд.