Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба наздикӣ якумин лагери ҷавонон бо шиори “Ҷавонон барои ҷомеаи бехатар”- ро оид ба ин лоиҳа дар Тоҷикистон ташкил намуд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сӣ нафар ҷавонони пешқадами синну солашон аз чордаҳ то бист бо ҳамроҳии даҳ нафар кормандони милитсия ва сарварони ҷомеа аз се ноҳияи пилотӣ (Ғарм, Дӯстӣ ва Қайроққум) дар лагер иштирок намуданд. Мақсади гузаронидани чунин лагер, ки аз тарафи Эмерҷенс Групп ташкил карда шуда буд, дар оянда мустаҳкамтар кардани ҳамкорӣ байни ҷавонон ва милитсия, ташаккул додани дониш ва малакаҳо оиди ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкории милитсия ва ҷомеа, муайян намудан ва ёфтани роҳи умумии ҳалли мушкилоти ҷавонон мебошад.
Ҷавоне аз Қайроққум қайд намуд, ки “Барои мо мубоҳисаи он, ки мо ҷавонон дар якҷоягӣ ва дар ҳамкорӣ бо милитсия баҳри ҳалли мушкилоти ҷавонон ва бехатар намудани ҷомеаи худ чӣ кор карда метавонем, бисёр судманд буд”.
Барномаи лагер сессияҳои омузишӣ оиди маҳдудкунии ҳуқуқ, ҳамкорӣ, ҳалли мушкилот дар якҷоягӣ, идоракунии низоъ, малакаҳои сарварӣ ва инчунин чорабиниҳои фароғатиро дар бар мегирифт. Инчунин иштирокчиёни лагер моделеро, ки дар биниши онҳо ҷомеаи бехатар аст, бунёд намуданд ва барои ҳалли мушкилоти вобаста ба ҷавонон дар ҷомеаҳои худашон лоиҳаҳоро кор карда баромаданд, аз ҷумла, дастнорасии маълумоти олӣ барои ҷавондухтарон, пешгирии рафтори ғайриҷамъиятӣ, истифодаи маводи мухаддир ва ҷалби ҷавонон ба нигоҳ доштани муҳити атроф. Ҷавонон лоиҳаҳои худро ба Кумитаи сарварони гуруҳҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ (ҲТҶ) дар ҳамкории милитсия бо ҷомеа пешкаш намуданд, ки онҳо ин лоиҳаҳоро бо дастгирии марказҳои ҲТҶ, ки дар чорчӯбаи барномаи Сафорати ИМА таъсис дода шудаанд, амалӣ гардонанд.
Муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ аз шаҳраки Дӯстӣ ба иштирокчиён муроҷиат намуда, инчунин қайд намуд, ки “Мо бояд роҳҳои беҳтари ҳамкории милитсия ва ҷавононро биёбем. Ҳалли мушкилоти онҳо танҳо аз шумоён нест. Мо бояд шуморо дастгирӣ намоем ва бо шумоён якҷоя кор барем”.
Театри ҷавонӣ барои сулҳ, ки аз тарафи Агентии ИМА барои инкишофи байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, инчунин ба лагер ташриф овард. Театри ҷавонӣ барои ҳалли мушкилоти ба монанди нобаробарии ҷинсӣ, дастрас набудани маълумоти олӣ, маҷбуран ба шаҳвар додани духтарон ва зӯроварӣ дар оила усули иштироки бевоситаи тамошобинро дар намоиш истифода кард. Муовини сардори Сафорат хонум Сара Пенҳюн дар намоиш ҳузур дошт. Ҷавонони театр ва иштирокчиёни лагер имконият доштанд, ки бо он кас сӯҳбат намуда, дар бораи таҷриба ва мушкилоти худ нақл намоянд, ва хонум Сара Пенҳюн аҳамияти мусоҳиба байни ҷомеа баҳри пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти умумӣ қайд кард. Ҷавонони театр дар ду ҷамъомади лагер бо ҷавонон аз Қайроққум, Ғарм ва Дӯстӣ иштирок намуданд, ки ин дар натиҷа барои бунёди ҳамкориҳои иловагӣ баҳри сулҳу субот оварда расонид.
Ҳукумати ИМА ба дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои адлияи Тоҷикистон омода ҳаст ва барои ҳамкории судманд ва бардавом дар лоиҳаҳои оянда нигарон аст. Аз соли 2003 сар карда, барномаи байналмиллалии мубориза зидди гардиши маводи мухаддир ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Сафорати Амрико зиёда аз 52 млн долларро баҳри дастгирии волоияти қонун ва амният ба халқи Тоҷикистон таъмин намудааст.