Моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе и
ҷ
лосияи навбатии Парлумони
ҷ
авонони То
ҷ
икистон баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Эраҷ Саодатсайров, корманди дастгоҳи Парлумони ҷавонони Тоҷикистон,
т
аваҷҷӯҳи ҳукумати ҷумҳурӣ, қисмати зиёди созмонҳои байналмиллалӣ ва маҳаллӣ ба масъалаи ҳаёти ҷавонон ва саҳми онҳо дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар рӯз то рӯз зиёд мегардад. Дар қисмате аз ин гуна барномаҳо Парлумони Ҷавонони Тоҷикистон бевосита кушиш ба харҷ медиҳад, то маърифати шаҳрвандӣ ва фарҳанги сиёсии ҷавонон, омӯзиши дақиқи системаи қонунгузории кишвар, принсипҳои асосӣ, қоидаву қонунҳои фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарзу марҳилаҳои қабули қарору қонунҳо, рушди донишу малакаи мубоҳисаронии ҷавононро беҳбуд бахшад.
«Дар таърихи 28-уми октябри соли ҷорӣ бо дастгирии бевоситаи Хазинаи кӯдакон (ЮНИСЕФ)-и Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди президенти ҷумҳурӣ дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ чаҳорумин иҷлосияи Парлумони ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, – иттилоъ дод Эраҷ Саодатсайров. – Дар ҷаласаи мазкур вакилони ҷавон яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, яъне вазъи соҳаи маорифи Тоҷикистон ва сабабҳои паст шудани сатҳи саводу маърифатнокиро баррасӣ намуда, оид ба саҳми ҷавонон дар рушди маорифи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд».
Номбурда, ҳамчунин қайд кард, ки вакилони ҷавони Парлумон дар масъалаи сифати маориф дар Тоҷикистон суханронӣ намуда, зикр карданд, ки яке аз вазифаҳои муҳим ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷавонони ҷумҳурӣ ба баррасии ин масъала мебошад. Ҳамзамон дар ҷаласаи Парлумони Ҷавонони Тоҷикистон қарор қабул карда шуд, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ вакилон бояд бо ҷавонон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ силсилаи вохӯриҳо анҷом дода, дар онҳо вазъи соҳаи маориф ва роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи онро баррасӣ кунанд. Ҳайати вакилон 63 нафарро ташкил медиҳад.