Дар маҷмааи давлатии «Кохи ваҳдат»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳ-ярмаркаи серӯзаи байнулмилалии маърифатии Тоҷикистону Малайзия ба кор шурӯъ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби ҶДММ «Аҳмадсоз» дар ҳамдастӣ ва бо мусоидати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдову саноати ҷумҳурӣ созмон дода шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар кори намоишгоҳ 7 муассисаи таълимоти олии Малайзия ва 10 мактаби олии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии иқтисоди ҷумҳурӣ ва ғайра иштирок мекунанд.
Намоишгоҳ-ярмарка то рӯзи 6-уми ноябр идома меёбад.