Ҳафтаи сипаригашта дар шаҳри Бахчисарай бо иштироки намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Украина ҷаласаи диаспораи тоҷикони Ҷумҳурии Автономии Қрим баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар шаҳрҳои Симферепол, Севастопол, Евпатория, Судак ва Бахчисарай кору зиндагонӣ мекунанд, иштирок доштанд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, масъалаи асосие, ки дар ҷаласа баррасӣ гардид, ташкили Шӯрои диаспораи тоҷикони Ҷумҳурии Автономии Қрим буд. Зимни муҳокимаронӣ ба Шӯро якчанд ҳамватанони фаъол аз шаҳру навоҳии мухталифи Қрим пешкаш гардиданд. Ба сифати Раиси Шӯрои диаспораи тоҷикони Қрим Ҳайбулло Кароматов аз шаҳри Севастопол интихоб гардид. Ҳамчунин вазифаҳои асосии Шӯро барои ояндаи наздик матраҳ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар охири ҷаласа намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Украина дар бораи фаъолияти Сафорат дар самти густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина маълумот доданд.
Қобили зикр аст, ки 8 сентябри соли 2011 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Киев ҷаласаи тадорукотии диаспораи тоҷик барпо гардид, ки дар он Шӯрои диаспораи тоҷик дар Украина бо роҳбарият ва намояндагони ҷамъиятҳои маҳаллӣ аз 13 вилояту минтақаи Украина таъсис дода шуд.