Дар вохӯрии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Турсунзода бо аҳолии ҷамоати деҳоти Навобод сарпрокурори шаҳри Турсунзода Баракатулло Камолов гуфт, ки тӯли 9 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру ноҳия 76 ҳодисаи даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ рӯй додааст.
«Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин миқдор ҳодисаи худкушӣ ҳатто дар кулли ноҳияҳои вилояти бузургтарини кишвар – Хатлон ҳамагӣ 26 ҳодисаро ташкил медиҳад», – гуфт вай.
Ба қавли ӯ, аз 76 ҳолати бақайдгирифташуда дар 30 ҳолат шаҳрвандон қасдан, яъне дидаю дониста даст ба худкушӣ заданд, ки ин ҳодисаҳо ҳангоми санҷиш аз ҷониби мақомоти марбута пурра тасдиқи худро ёфтааст.
«Аз ҷумла 18 нафар бо роҳи худзаҳролудкунӣ, 8 нафар тариқи худовезӣ, 1 нафар бо роҳи худсузӣ, 1 нафар тавассути ба худ расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ва ҳатто 1 ҷавондухтар тӯли 1 ҳафта 2 бор шишапора истеъмол намуда, ба ҷони худ сӯйқасд намудааст. Дар дигар мавридҳо шаҳрвандон бо сабаби бемории рӯҳӣ ё надониста истеъмол намудани доруворӣ заҳролуд гардида, мавриди муолиҷа қарор ёфтаанд», – изҳор дошт Б. Камолов.
Зимни нишаст номбурда аз аҳли нишаст даъват ба миён овард, ки дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҳама гуна қонуншиканиҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамкории фаъол бошанд.
Шаҳло Ваҳҳобҷонова, муовини раиси суди шаҳри Турсунзода, дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» гуфт, сабаби асосии даст ба худкушӣ задани занон хушунати оилавӣ, сатҳи пасти зиндагӣ ва надонистани ҳуқуқҳои худ мебошад. «Мардҳо бошанд, бештар дар ҳолати бемории рӯҳӣ, рӯҳафтодагии амиқ ба ҷони худ сӯйқасд мекунанд», – илова кард номбурда.