spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боздоштани фаъолияти Суди ҳакамӣ дар Хуҷанд ба манфиати ислоҳоти судӣ созгор нест


Боздоштани фаъолияти Суди ҳакамӣ дар Хуҷанд ба манфиати ислоҳоти судӣ, ки дар Тоҷикистон ҷараён дорад, созгор нест, – чунин мешуморад раиси суди мазкур Муҳаббат Ҷӯраева.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Муҳаббат Ҷӯраева хабар дод, фаъолияти Суди ҳакамӣ бо талаби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар таърихи 10-уми январи соли равон боздошта шуд.

«Ҳамин мақомот нисбат ба ман тибқи моддаи 296-и КҶ ҶТ (Суистеъмол аз ваколатҳои аудиторӣ, судяҳои ҳакамӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Айни замон парванда ба суди шаҳри Хуҷанд супорида шудааст. Ман худамро гунаҳкор намешуморам ва дар чаҳорчӯби қонунгузории мавҷуда амал кардам», – зикр кард Ҷӯраева.

Ба гуфтаи Ҷӯраева, ташкилоти ӯ – Маркази ҳифзи ҳуқуқи «Твой адвокат» (Адвокати ту) дар Тоҷикистон бори нахуст суди ҳакамии доимо амалкунанда таъсис додааст, ки ба фаъолият моҳи январи соли 2009 шурӯъ кард. Дар муддати фаъолият суд беш аз 150 парвандаро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ташкилот ифтитоҳи филиалҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва судҳои ҳакамии доимо амалкунандаро ба нақша гирифта буд. Айни замон фаъолияти филиалҳои судҳои ҳакамӣ дар шаҳри Хуҷанд, Исфара, Душанбе, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Спитамен низ боздошта шудааст.

Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» 5-уми январисоли 2008 ба тасвиб расид. Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин баҳсҳои шаҳрвандон баррасӣ гардида, кори судҳои таъиноти умумӣ сабуктар карда шавад, зеро пас аз ба дӯши онҳо вогузор гардидани қисмате аз вазифаҳои мақомоти прокуратура, кори онҳо бештар гардид.

Мутобиқи моддаи 11-и Кодекси граждании ҶТ, суди ҳакамӣ ба суди таъиноти умумӣ баробар карда шудааст ва аз ин рӯ, иҷрои қарорҳои он низ барои тамоми корхонаву ташкилотҳо ҳаттмист. Мутобиқи моддаи 1-и Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», судҳои ҳакамӣ ба баррасии баҳсҳои шаҳрвандӣ ва иқтисодӣ миёни шаҳрвандон ваколат доранд», – афзуд Ҷӯраева.      

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...