Рӯзҳои наздик як қатор шӯъбаҳои наҷот ва мадҳушкунии муассисаҳои тиббии вилояти Суғд бо 20 адад обкашҳои барқӣ таъмин карда мешаванд, ки маблағи умумии онҳо 390 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҳоло дар вилояти Суғд 26 шӯъбаи наҷот ва мадҳушкунӣ фаъолият доранд, ки дар он 148 нафар духтурон кор мекунанд. Дар шӯъбаҳои номбурда айни замон 82 адад таҷҳизоти нафаси сунъӣ мавриди истифода қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, соли 2011 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои харидорӣ намудани таҷҳизотҳои муосир 1 миллион сомонӣ ҷудо гардида, барои беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба маблағи 27 000 сомонӣ як адад гастро-фиброскоп, бронхофиброскоп, колоноскоп, микроскопи отолорингологӣ ва як адад обкаши барқии ҷарроҳӣ харидорӣ карда шуд.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин дар муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Б.Ғафуров, Хуҷанд, ҷамъ ба маблағи наздик ним миллион сомонӣ таҷҳизоти нави тиббӣ харидорӣ гардид.