Дар моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон аз 39 кишвари дунё кӯмаки башардӯстона ворид гардид. Маблағи умумии кӯмак беш аз 83 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ 1334 тонна орд, 370 тонна равғани рустанӣ, воситаҳои дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба малаги умумии 62,8 млн. $ , сарулибос ва пойафзол, дигар таҷҳизоти барқӣ ва компютерҳо ворид гардиданд.
Дар байни кишварҳо-донорон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 73,1%, Русия – 5,8%, Дания – 5,1% ва Чин – 3,7% рост меояд.