Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои муҳоҷирони кории аз Русия рондашуда дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа марказҳои мусоидат ва кумак боз намуд. Ин марказҳо ба муҳоҷирон кумаки таъҷилии равонӣ расонида, барои таъмин бо ҷойи кор мусоидат мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ хабар доданд, дар марказҳои мазкур ба муҳоҷирони аз Русия рондашуда дар омӯзишу азхудкунии касб, дастрасӣ ба қарзҳои хурди бонкӣ ҷиҳати роҳандозии тиҷорат низ ёрӣ расонида мешавад.
Марказҳои мазкур дар шаҳри Душанбе бо суроғаи кӯчаи Навоӣ 5/6, Хуҷанд – дар бинои Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ва Қӯрғонтеппа – дар кӯчаи Ф. Саидов, 3-а ҷойгир шудаанд.
Барои таъмини муҳоҷирони кории аз Русия баргашта бо ҷойи кор дар қаламрави Тоҷикистон дар шабакаи Интернет сомонаи
www.kor.tj
ташкил карда шудааст, ки дар он тамоми ҷойҳои кории холӣ дар ҷумҳурӣ дарҷ шудаанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар зарфи панҷ рӯзи ахир аз Русия ба Тоҷикистон 57 нафар муҳоҷирони кории тоҷик ронда шуданд.