spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сардори Хадамоти муҳоҷират: Аз депортатсия наҳаросед


Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи семинари дурӯзаи таҷрибавӣ дар мавзӯи «Муҳоҷират ва рушд: комёбии нақшаи стратегӣ» дар Душанбе сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиаллоҳ Девонаев изҳор кард, ки Тоҷикистон ба Белорус фиристодани муҳоҷирони кории аз Русия истирдодшударо ба нақша гирифтааст.

«Бо тасвиби созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи фаъолияти кории шаҳрвандони тоҷик дар Белорус мо роҳи муҳоҷират ба ин кишварро боз намудем. Аз ин рӯ, аз истирдоди шаҳрвандони мо аз Русия набояд ҳарос дошт. Мо муҳоҷирони истирдодшударо ҷамъ оварда, ба Белорус мефиристем», – гуфт ӯ.

Девонаев зикр кард, ки ҷараёни фиристодани муҳоҷирони кории тоҷик ба Белорус аз соли нав оғоз мегардад. «Пас аз анҷом додани як қатор тартиботи барасмиятдарорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ, шурӯъ аз соли нав мо ба фиристодани шаҳрвандон ба Белорус оғоз мекунем», – иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Хадамоти муҳоҷират мутмаин аст, ки вазъи имрӯзаи муҳоҷирони кории тоҷик муваққатӣ аст.

«Мо таҳти роҳбарии сарвари давлат ва дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ин масъаларо ҳал хоҳем кард», – изҳори  боварӣ намуд Девонаев.

Номбурда афзуд, рӯзҳои наздик ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур як ҳайати ҳукуматӣ таҳти сарварии вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба шаҳри Маскав раҳсипор мешавад.

Бино ба маълумоти Девонаев, айни замон дар муассисаҳои боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилии Русия 241 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...