spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон олимонро бо ҷашни 60-солагии Академияи улум табрик кард


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана бахшида ба таҷлили ҷашни 60-умин солгарди таъсиси Академияи улуми Тоҷикистон, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гард, иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон олимони ҷумҳуриро бо ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҳарчи бештар ба ҷорисозии дастовардҳои илми тоҷик ба рушди иқтисод, саноат ва дигар бахшҳои истеҳсолот таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир созанд. Дар суханронии сарвари давлат ҳамчунин густариши робитаҳои байнулмилалии илмӣ низ таъкид гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷлиси ботантана натанҳо намояндагони аҳли илму зиё, эҷодкорон ва ҳунармандони пойтахт, балки тамоми манотиқи кишвар гирдиҳам омаданд.

Пас аз маҷлиси ботантана консерти пуршукӯҳи устодони ҳунари Тоҷикистон баргузор гардид.

Ёдрас мекунем, ки Академия улуми Тоҷикистон соли 1951 дар заминаи филиали тоҷикистонии Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд. Соли 1991 аз 3 шӯъба ва 19 муассисаи илмӣ иборат буд.

Моҳи сентябри соли гузашта сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарори ҳукуматро дар бораи ислоҳоти сохтори Академияи улуми кишвар ба имзо расонид.

Мутобиқи қарори мазкур, як қатор воҳидҳои  ва сохторҳои тобеъи Академияи улум муттаҳид гардиданд. Ҳамчунин шумори ҳайати шахсии Президиуми Академияи улуми ҶТ аз 11 то 9 нафар ва ҳайати шахсӣ (штат)-и Академияи улум аз 70 то 50 нафар кам карда шуд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...