Ахири ҳафтаи гузашта дар қуллаи баланди кӯҳи Мевағул аз ҷониби хизматчиёни Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳаҷман калон асту аз тамоми гӯшаю канори Хуҷанд ба чашм мерасад, насб карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва саййёҳии вилояти Суғд хабар доданд, парчами дарозиаш 250 ва паҳноиаш 15 метр аз шоҳӣ тайёр карда шуда, мустақиман ба замин мустаҳкам карда шудааст. Насби парчами мазкур дар доманакӯҳ ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи парчами миллӣ, ки санаи 24-уми ноябр дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, амалӣ гардид.
Соли гузашта ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи парчами миллӣ дар нуқтаи баландтарини кӯҳи Мевағул, ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, дар поягоҳ парчами миллии дарозиаш 20 ва паҳноиаш 15 метр гузошта шуда буд.
Дар вилояти Суғд дар доираи ҳафтаи Парчами давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳо, маҳаллаҳо ва марказҳои фарҳангӣ мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли зиё баргузор мегарданд, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, роҳпаймоии ҷавонон дар шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров бо Парчами 250-метра, сӯҳбатҳои «Мизи мудаввар» гузаронида мешавад.
Ёдрас мекунем, ки соли равон ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар пойтахт поягоҳи дар ҷаҳон баландтарини парчами миллӣ насб гардид, ки баландии он 165 метрро ташкил медиҳад. Дар рӯзи таҷлили ҷашн бошад, дар гузашти идона дар пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр гузаронида шуд.