Чанде қабл дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори Хадамот С.А. Девонаев бо Котиби Генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Муҳаббатшоев баргузор гашт. Мақсад аз мулоқот ҳамкории судманд дар соҳаи муҳоҷират, беҳтар намудани шароит ва вазъи муҳоҷирон дар маҷмӯъ арзёбӣ шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, рӯзҳои наздик имзои Созишномаи муштарак ва нақшаи чорабинӣ барои соли 2012 байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар назар гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо дастгирии Федератсияи минтақавии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон тайи 1,5 сол мешавад, ки лоиҳаи таҷрибавии Барномаи омӯзиши забони русӣ, истифодаи компютер, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва пешгирии бемориҳои Норасоии Масъунияти банад, сил, бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироятшавандаро дар ноҳияҳои Ашт ва Шаҳристони вилояти Суғд, ноҳияҳои Восеъ ва Панҷ дар вилояти Хатлон ва дар ВМКБ дар ноҳияи Роштқалъа ба роҳ мондааст.
«Чунин намуди омӯзишҳо барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кӯмаки хеле муфид ва бамаврид дониста мешавад», – афзудан дар хадамоти мазкур.