spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Кумаки ИМА ба мактаби деҳаи Лоҷирк


Сафорати Иёлоти Муттаҳида ва мудири «Барномаи мактабҳои шарик барои Рӯҳи Амрико» якҷоя кӯмаки иловагӣ барои мактаби Лоҷирк, ки муддате пеш аз тарафи Сафорати ИМА таъмир шуда буд, супориданд.

Тавре аз сафорати ИМА хабар доданд, дар мкктаб панелҳои офтобӣ насб карда шуда, ба талабагон 150 адад пӯшоки зимистона дода шуд. Нуқтаи тиббӣ, ки дар назди мактаб ҷойгир аст, бо лавозимоти зарурии тиббӣ таъмин гардид.

Ба иитилои манбаъ, илова ба он, як сӯҳбати он-лайн байни талабагони мактаби Пасификаи Санта Моника,  Калифорния, ва талабагони мактаби Лоҷирк баргузор шуд. Ҳоло қишлоқи Лоҷирк дорои қувваи барқи офтобӣ дар мактаб ва нуқтаи тиббӣ мебошад. «Рӯҳи Амрико» панелҳои офтобӣ, пӯшоки зимистона ва дорувориро ба маблағи 13000 доллар ва Сафорати ИМА нақлиёт ва ёрии моддиву техникии ин лоиҳаро таъмин карданд. 

 Қобили зикр аст, ки мактаб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ зиён дида буд, ва кӯдакони маҳаллӣ баъди анҷоми ҷанг даҳ сол пеш дар хона дарс мегирифтанд.

«Рӯҳи Амрико» ташкилоти ғайридавлатии донорӣ мебошад, ки ба қисмҳои низомии ИМА, ки дар расонидани кӯмаки башардӯстона дар Ироқ, Афғонистон ва дигар давлатҳои иҳтиёҷманд кор мекунанд, ёрии фаврӣ таъмин мекунад. Ин лоиҳа яке аз лоиҳаҳои бисёри ёрирасон мебошад, ки Сафорати ИМА аз номи мардуми Амрико ба амал меоварад. Аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 984 миллион доллар сарф намудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...