Дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки кормандони корхона ва ташкилоту муассисаҳои маркази вилоят ба ифтихори 17-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана доир гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дар маҷлис Раиси вилояти Хатлон, мардуми вилоятро бо фарорасии ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, оид ба афзалиятҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки ҳадафи асосии давлат ва ҷомеаи навини Тоҷикистон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ буда, таъмини волоияти қонун, амнияти ҷомеа, таҳкими музаффариятҳои истиқлолият, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои умумимиллӣ ва давлат, ҳамчунин пайваста ташаккул додани бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, ки дар самти ноил шудан ба ин ҳадафҳо нақши Конститутсия муҳим ва таҳкимбахш аст.
Барномаи рангини ҳунарии ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, ки бахшида ба ин санаи фархунда омода гардида буд, зиннатбахши чорабинии мазкур гардид.