Ҳудуди 1,7 ҳазор муҳоҷирони корӣ, ки сеяки онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, то судури қарори додгоҳ дар бораи истирдод аз Русия барои нақзи қонунгузории ин кишвар дар боздоштгоҳҳои махсус қарор доранд. Дар ин бора сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский хабар додааст.
Ба гуфтаи Ромодановский, қарор дар бораи ихроҷи муҳоҷиронро додгоҳҳои Русия қабул хоҳанд кард.
Нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки моҳи ноябр боздошт шуда буданд, Ромодановский гуфтааст, агар додгоҳ дар бораи ихроҷи онҳо аз Русия қарор қабул кунад, онҳо ба ватан фиристода хоҳанд шуд.