spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Тоҷикистон афви навбатӣ ба анҷом расид


Дар Тоҷикистон афви навбатие, ки ба муносибати 20-умин солгарди ҷашни истиқлоли ҷумҳурӣ эълон гардида буд, ба анҷом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, аз муассисаҳои ислоҳотӣ ва тавқифгоҳҳои муваққатӣ беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон озод гардиданд, ки 196 нафарашонро занон ва 153 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд. Боз мӯҳлати адои ҷазои ҳудуди 5 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда шуд.

Хамчунин афв ба 5 ҳазор нафаре, ки таҳти мурофиаи судӣ ё тафтишот қарор доштанд, низ дахл кард.

Миёни маҳбусони афвшуда 72 нафар аъзои созмонҳои динии ифротгароии «Ҳизб-ут-таҳрир» ва «Ҳаракати исломии Ӯзбекситон» ва наздик 100 тан аз ҷонибдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ҳузур доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар Сарраёсати иҷрои ҷазо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки чанде аз афвшудагон пас аз озодӣ аллакай барои даст ба ҷинояти навбатӣ задан фурсат ёфтаанд. «Маълумоти оморӣ бозгӯи онанд, ки ҳудуди 20-30%-и афвшудагон баъди гузашти чанд муддате боз ба маҳбас бармегарданд. Пас аз эълони афв ҳамагӣ се моҳ сипарӣ шуд ва ба муассисаи ислоҳотӣ аллакай 20 нафари афшудагон баргаштанд, ки панҷ нафарашон ноболиғон мебошанд. Аксари онҳо ба дуздӣ даст задаанд», – гуфт манбаъ.

Афви гузашта, ки миёни мардум бо «афви тиллоӣ» машаҳур аст, дар замони истиқлоли Тоҷикистон 13-умин мебошад. Дар ин муддат ҳудуди 100 ҳазор нафар мавриди афв гирифтанд.

Хусусияти фарқкунандаи афви феълӣ дар он буд, ки бори нахуст аъзои ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои динӣ, ки ба ифротгароӣ муттаҳам дониста мешуданд, озод гардиданд. Ҳамчунин иштирокчиёни даргириҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода ва ҳамчунин иштирокчиёни задухӯрди мусаллаҳонаи соли 1998 дар вилояти Суғд бо шарти адо кардани аз чор се ҳиссаи мӯҳлати ҷазои таъиншуда мавриди афв қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҶТ, дар Тоҷикистон 17 муассисаи ислоҳотӣ амал мекунад. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...