Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон соҳибкорони Чин беш аз 170 гектар заминҳои киштро ба иҷора гирифтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур хабар доданд, соли гузашта соҳибкорони Чин дар майдони 40 гектар шолӣ кишт намуда, аз ҳар як гектар 90 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд.
«Соли равон соҳибкорон ба ҳукумати ноҳия муроҷиат карда, боз ба онҳо 190 гектар қитъаи замини иловагӣ барои парвариши ин зироат ба иҷора дода шуд», – гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки соҳибкорони Чин ваъда додаанд, ки дар ноҳия маркази техникии муосир ташкил хоҳанд кард, ки аз он хоҷагиҳои маҳаллии фермерӣ низ метавонанд истифода кунанд ва дар ин марказ 60 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.