Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон – 3 декабр Институти «Ҷомеаи Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Ширкати алоқаи мобилии Tcell, Ассосиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд, СҶ «Киштӣ» дар Театри русии драмавии ба номи В. Маяковский маъракаи хайрияро оид ба дастгирии кӯдакони имкониятошон маҳдуд бо унвони «Мо гуногун, вале баробарем» баргузор мекунад.
Тавре аз намояндагии Институти «Ҷомеаи Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи чорабинии мазкур барномаи идона ва маъракаи хайрия барои 200 нафар кӯдакони аз 3-сола то 15- солаи муассиссаҳои томактабии №79, 117, 52, 129 ва мактабҳои №2, 28-и шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Дар чорабинӣ волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд низ ширкат мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар маъракаи мазкур бештар ба он таваҷҷӯҳ карда мешавад, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ кӯдакони имконияташон маҳдуд низ амалан иштирок намоянд ва бо ин ширкати онҳоро дар ҳаёти иҷтимоӣ тавсеа бахшанд. Аз ҷумла, дар барномаи консертӣ гурӯҳи эҷодии мактабу муассисаҳои томактабии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар қатори гӯрӯҳи «Шамс» ва ҳунарпешаҳои Театри русии драмавии ба номи В. Маяковский баромад мекунанд.