Ҳафтаи навбатии корӣ барои сокинони Душанбе бо боришоти барфи зиёд ва тумани ғализ оғоз гардид. Обуҳавошиносон мегӯянд, шурӯъ аз рӯзи чоршанбе дар шаҳри Душанбе ҳаво софу гарм мешавад, вале он ҳам то ахири ҳафта идома хоҳад ёфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Парвина Саидҷамолова хабар дод, имрӯз ҳарорати ҳаво дар Душанбе то сифр поин омада, пагоҳ боз як дараҷа поинтар мешавад.
Ғайр аз ин, фазои пойтахтро тумани ғализ фаро гирифтааст. Маҳз бо ҳамин сабаб субҳи имрӯз фаъолияти «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» қатъ карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти фурудгоҳи мазкур хабар доданд, нимаи аввали рӯз бинобар аёниву возеҳии хеле бад парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Маскав, Алмаато ва Хуҷанд боздошта шуданд, вале то нисфирӯзӣ ин ҳавопаймоҳо парвоз кардаанд.
Бинобар тумани ғализ дар фазои шаҳр фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймоҳои хатсайри Сургут-Душанбе, Санкт-Петербург-Душанбе ва Новосибирск-Душанберо қабул карда натавонист. Онҳо ба майдони ҳавоии шаҳри Хуҷанд фуруд омаданд. «Бо беҳтар шудани вазъи обуҳаво ҳавопаймоҳо аз Хуҷанд ба Душанбе парвоз хоҳанд кард», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли Саидҷамолова, соф шудани обуҳаво танҳо пагоҳ пешбинӣ мешавад. Сар аз рӯзи чоршанбе дар пойтахт обуҳавои софу гарм барқарор шуда, он то ахири ҳафта идома меёбад.
Дар маҷмӯъ то 11-уми декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар кӯҳҳо боришоти барф ва туман пешбинӣ мешавад. Дар давоми ҳафта ҳарорати ҳаво дар кӯҳҳо то 10-15 дараҷа ва дар шарқи ВМК то 18-23 дараҷа поин меравад.