Ахири ҳафтаи гузашта дар сафорати Тоҷикистон дар Русия мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафиалло Девонаев бо роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳамватанон аз диаспораҳои тоҷик дар Русия баргузор шуд, ки дар он ҳайати диаспораҳо аз шаҳрҳои Қазон, Уфа, Санкт-Петербург, Новосибирск, Новокузнетск, Ярославл, Рязан, Липетск, Маскав, Нижний Новгород, Тюмен ва Омск иштирок карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба мулоқот ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷӯҳи Тоҷикистон ба усулҳои ҳамкории шариконаи стратегиро таъкид сохт ва изҳор кард, ки диаспора дар ин раванд бояд нақш мусбат дошта, ба ваҳдату муттаҳидӣ бикӯшад.
Ба иттилои манбаъ, Сафиалло Девонаев зимни суханронӣ бо пешниҳоди арқоми мушаххас оид ба вазъи муҳоҷират дар Русия маълумот дод. «Роҳбари Хадамоти муҳоҷират таъкид кард, ки дар баҳодиҳӣ ба вазъи марбут ба муҳоҷирон мебояд ба ахбори расмӣ такя намуда, аз шарҳу тафсири мустақилонаву озодона худдорӣ варзид, зеро ахиран афроди ҷудогона ба худ ҳуқуқи аз номи муҳоҷирони корӣ ва ҳатто дар маҷмӯъ тамоми мардуми тоҷик сухан гуфтанро додаанд. Чунин амалҳо ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ва манфиатҳои худи муҳоҷирон мусоидат намекунад. Гузашта аз ин, кӯшишҳои истифодаи масъалаи муҳоҷирон барои ҳадафҳои сиёсӣ низ ба мушоҳида мерасанд», – таъкид кард манбаъ.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон марҳила ба марҳила бо истифода аз тамоми имконоту механизмҳо масъалаҳои беҳбуди вазъи муҳоҷирони кориро ба иҷро мерасонад ва дар ин самт нақши муҳими созмонҳои ҷамъиятии диаспораҳои тоҷик дар Русияро таъкид менамояд.
«Дар анҷом иштирокчиёни мулоқот қабули Изҳорот ба ҳамватанони муқими Русияро пешниҳод карданд. Роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии диаспораҳо кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ баҳри ҳалли мушкилоти муҳоҷирати кориро дастгирӣ намуда, аз ҳамватанон даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати ҳалли масоили зикршуда ҳамаҷониба мусоидат намоянд», – афзуд манбаъ.