Ахири ҳафтаи гузашта дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби ҷорӣ дар моҳи равон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули шаҳрвандоне сурат гирифт, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангуйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар асоси муроҷиати қаблии шаҳрвандон, ки аз ҷониби шӯъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо ин мақсад ба қайд гирифташуда, 28 нафар сокинони шаҳр барои қабули шахсӣ пазируфта шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ мӯҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро масъалаи баҳси манзили шахсӣ, дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ ва кӯмакҳои молиявию маслиҳатӣ ташкил медод, ки вобаста аз салоҳиятҳои шаҳрдорӣ нисбати ҳар кадомашон тадбирҳо андешида шуданд.