spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Кӯмаки сафорати ИМА дар бунёди сохтори нави обтаъминкунии деҳаи Пахтаобод


Сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс ва раиси ноҳияи Турсунзода Гулмамадов Давлатшоҳ барои ширкат дар маросими ифтитоҳи расмии ба истифода додани сохтори нави обтаъминкунӣ ба деҳаи Пахтаобод, ки дар қисми ҷанубӣ-ғарбии ноҳияи Турсунзода ҷойгир аст, ташриф оварданд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ин маросим инчунин роҳбарони ҳукумати маҳаллӣ ва аҳли маҳалла ширкат варзиданд ва аз ҷониби мактаббачагони маҳаллӣ намоиши таълимию тарбиявӣ оид ба аҳамияти оби тозаи нӯшокӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошт пешниҳод гардид.

“Бисёр деҳаҳои ҷумҳурӣ аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашанд ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз расонидани кӯмак барои ҳалли ин мушкилот ифтихор дорад. Ин лоиҳа дар соли ҷорӣ зиёда аз 75,000 нафар аҳолии Тоҷикистонро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин ҳоҳанд кард”, – дар суханронии хеш қайд намуд сафир Гросс. 

Бино ба иттилои манбаъ, сокинони деҳаҳои Пахтаобод ва Қаратевал аз нарасидани оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, ки ин боиси паҳншавии бемориҳои сироятии тавассути обгузаранда, хусусан байни кӯдакон дар ин минтақа гардид. Барои ҳалли ин мушкилот алалхусус беҳтар намудани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва беҳтар намудани вазъи саломатию беҳдошт дар доираи фаъолияти лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо ҳукумати маҳаллию аҳли маҳалла “Нақшаи амалиёти маҳалла оид ба ҳалли масоили об ва саломатӣ” таҳия карда шуд; дар натиҷаи фаъолияти лоиҳаи мазкур 10,322 нафар аҳолӣ дар деҳаҳои Пахтаобод ва Қаратевал бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Лоиҳаи обтаъминкунӣ дар деҳаи Пахтаобод яке аз 17 лоиҳаҳои хурдаст, ки айни ҳол аз ҷониби лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо аҳли деҳот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешавад. Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб барои амалӣ гардонидани барномаҳои дастгирии рушди институтҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва иқтисодиёт дар Тоҷикистон тақрибан 984 милион доллари амрикоӣро ҷудо намудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...