Рӯзи шанбеи ҳар ҳафта аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қабули сокинони шаҳру навоҳии вилоят ба роҳ монда шудааст.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, давоми моҳи ноябри соли равон 55 нафар шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят қабул карда шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла 11 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои таъминот бо манзили истиқоматӣ ва баҳси он, 6 нафар барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқ, 3 нафар оиди зиёд намудани нафақа, 3 нафар барои таъмири манзилашон баъди офати табиӣ, 1 нафар барои гирифтани аробачаи маъюбӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намудаанд.
Бояд гуфт, ки дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 1 189 нафар сокинони вилоят бо масъалаҳои шахсӣ аз тарафи раиси вилоят қабул карда шудаанд.