Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёнаи рақами 6 дар ҷамоати Аличур ноҳияи Мурғоб» ҳамчун кӯмаки бебозгашт 112.106 доллари ИМА ҷудо намуд.
Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи 7 декабри соли 2011 шартномаи лоиҳаи мазкур аз тарафи ҷаноби Хиройуки Имахашӣ, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаноби Мурзабай Ҷошбаев, раиси ноҳияи Мурғоб ба имзо расид.
Ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби сардии иқлим ва бетаъмир мондани мактаби рақами 6, бинои он дар ҳолати фарсуда қарор дорад. Боми мактаб фарсудаву шикастапора гардида, дар ҳолати номусоид қарор дорад. Намнокиҳои бардавом дару дирезаҳои мактабро хароб намуданд. Дар мактаб нарасоии таҷҳизотҳои мактабӣ хеле назаррас аст.
Зимнан зикр гардид, ки тавассути лоиҳаи мазкур корҳои барқарорсозии мактаб, минҷумла аз нав намудани бом, дару тирезаҳо дар назар дошта шудааст. Зиёда аз ин мактаб ба таҷҳизотҳои омӯзишӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва тахтасинф муҷаҳҳҳаз мегардад. Беҳтар намудани муҳити мактаб ба воситаи лоиҳа ба инкишофи маориф дар ҷамоати «Аличур»-и ноҳияи Мурғоб таъсири мусбат мерасонад.
Мавриди зикр аст, ки кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 280 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $20,8 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.