spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Суғд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоят доир гардид


Дар Қароргоҳи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоят доир гардид. Ҷаласаро Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуд.

Тавре аз хадамоти матуботи раиси вилояти Суғд хабар доданд, даставвал аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ масъалаи ташкилиро мавриди баррасӣ қарор дод. Бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Мутлуба Сатторова (раиси пештараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилоят), Бибихон Азизова (собиқ раиси КИ ҲХДТ дар вилоят) ва Ғуфрон Рустамов (котиби пештараи кумитаи вилоятии ҲК Тоҷикистон) аз аъзогии Шӯро озод карда шуданд. Иштирокдорони ҷаласа ваколати муовини раиси Шӯрои занони вилоят Раънохон Бобоҷонова,  раиси кумиҷроияи  вилояти суғдии ҲХДТ Даврон Зоҳидов ва котиби аввали кумитаи вилоятии ҲК Тоҷикистон Алиҷон Маҳкамовро ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ тасдиқ карданд. Ҳамчунин ваколати роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ» Шуҷоат Ҳасанова ва «Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон»-и вилоят Илҳом Юсуфов чун аъзои Шӯро тасдиқ гардид.

«Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли  2011 ва вазифаҳо барои соли 2012» намояндаи ваколатдори Раиси вилоят дар Шӯрои ҷамъиятӣ, муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ахборот дод. Дар музокира раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят Саидбой Зокиров, раиси шӯъбаи вилоятии Ҳизби демократи Тоҷикистон Файзуллоҷон Файзиев ва дигарон мулоҳиза гуфтанд. Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Қоҳир Расулзода низ доир ба ин масъала фикру андешаҳои ҷолиб баён карда, аз ҷумла гуфт, ки мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Сардори давлат баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволи мардум аст. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолият бурда, баҳри амалӣ намудани Барномаҳои ҳукуматӣ саъю кӯшиш мекунанд. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бо қарори худ ахбороти Ҷ.Сангиновро ба маълумот гирифтанд. Шӯро вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои тарғиботиро дар маҳалҳо беҳтару бештар ба роҳ монад. Ҳамчунин таклифу пешниҳоди аъзои Шӯроро, ки дар ҷараёни  муҳокимаи масъала баён шуданд, ба инобат гирифта, котиби ҳамоҳангсози Шӯро муаззаф шуд, ки барои амалӣ намудани онҳо бо воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатӣ  дар доираи қонунгузории ҷорӣ ва салоҳияти Шӯро тадбирҳо андешад.

Доир ба рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» гузориши  мудири шӯъба оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мавҷуда Мирпоччоева шунида шуд. Дар ин мавзӯъ раиси шӯъбаи вилоятии ҲД Тоҷикистон Файзуллоҷон Файзиев, муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов, роҳбари иттиҳодияи ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» Биҳоҷал Раҳимова, роҳбари ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ Моҳинисо Ҳорисова, раиси уламои дини вилоят ҳоҷӣ Ҳусейн Мусозода, муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят, профессор Атохон Сайфуллоев ибрози ақида намуданд. Муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии  Тоҷикистон Қурбон Восеъ дар атрофи  масъалаҳои баррасишуда ҳарф зад.

Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси вилоят  Қоҳир Расулзода ба аъзои Шӯро оид ба корҳои иҷрошуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гузориш дода, гуфт, ки бо дастгириву пуштибонии Сардори давлат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷашни пуршукӯҳи миллат 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан таҷлил гардид. Дар қаламрави вилоят корҳои азим ба ифтихори ҷашн ба анҷом расонида шуданд. Вай аз ҷумла таъкид кард, ки бо супориши Президенти кишвар соли равон дар 15 шаҳру навоҳӣ мулоқоти Раиси вилоят бо шаҳрвандон доир карда шуд. 70 фисади хоҳишу пешниҳодоти мардум иҷро шуданд. Барои амалӣ гардонидани дигар талаби сокинон тадбирҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд. Яке аз масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ тақсимоти замини наздиҳавлигӣ барои эҳтиёҷмандон мебошад. Ин масъала зери назорати роҳбарияти вилоят қарор дорад ва давра ба давра ҳалли мусбати худро меёбад.

Дар охир Қоҳир Расулзода изҳори боварӣ кард, ки аъзои Шӯро ҳамаҷоя саъю кӯшиш намуда, баҳри амалӣ гардонидани нақшаҳо фаъолият мебаранд, тадбирҳои мушаххас меандешанд, то ҷашни бузурги халқи тоҷик 20-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор истиқбол гирифта шавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...