Чанде қабл ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба муассисаи давлатии солимгардонӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд бо маҳсулоти ғизоӣ кӯмак расонид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дирӯз ба аёдати тарбиятгирандагони ин муассиса омада, ба онҳо ба миқдори лозима маводи хӯрока овард. «Ӯ бо кору бор ва фаъолияти мураббиён, ҳолу аҳволи бачагон, вазъи утоқҳои корӣ, толори варзишӣ, рафти ҳунаромӯзии бачагон шинос шуда, баҳри ҳалли муаммою масъалаҳои мавҷуда, беҳдошти шароити зисту тарбия, таъминот бо сарулибос ва маводи ғизоӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод», – гуфтанд дар хадамоти раиси шаҳр.
Қобили зикр аст, ки муассисаи давлатии солимгардонӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, ки чанде муқаддам таъсис ёфта буд, бачагону ятиму бепарастор ва душвортарбия, фарзандони оилаҳои носолим, ҳамчунин кӯдакони волидайнашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ бударо аз кулли гӯшаву канори вилояти Суғд ба паноҳи худ гирифтааст.
Дар ин ҷо барои тарбияи бачагон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд ва ин масъала ҳамеша таҳти назару таваҷҷӯҳи роҳбарияти шаҳру вилоят қарор дорад.