Дар чаҳор ноҳияи кӯҳистони вилояти Хатлон – Ховалинг, Шӯрообод, Мӯъминобод ва Темурмалики вилояти Хатлон амалисозии лоиҳа таҳти унвони «Ҳамроҳ бар бемории сил ғолиб меоем» оғоз гардид, ки он аз ҷониби ташкилоти ғайриҳукуматии «Садои кӯҳсор»-и ноҳияи Ховалинг амалӣ хоҳад шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари ташкилоти «Садои кӯҳсор» Авазхон Сироҷев хабар дод, барномаи мазкурро аз ҷиҳати молиявӣ лоиҳаи HOPE дастгирӣ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, интихоби маҳз ин ноҳияҳо тасодуфӣ нест, зеро соли равон дар ноҳияи Ховалинг – 66, Мӯъминобод – 146, Шӯрообод – 65 ва Темурмалик – 89 ҳодисаҳои нави гирифторӣ ба бемории сил ба қайд гирифта шудааст. «Қисмате аз бори нахуст ба бемории сил мубталошудагонро муҳоҷирини корӣ ва собиқ маҳбусон ташкил медиҳанд», – мегӯяд ӯ. – Ғайр аз ин, дурии ноҳияҳо аз марказ ва муассисаҳои тиббии махсус низ ба расонидани кӯмаки саривақтии тиббӣ ба ин беморон монеа эҷод месозад».
А.Сироҷев изҳор кард, ки сатҳи нокофии огаҳӣ ва суст ҷараён доштани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ба гузаштани бемории сил аз бемор ба шахси солим мусоидат менамояд ва паҳншавии бемории сил рӯз то рӯз боиси нигаронӣ аст.
«Таҳқиқоти доиргардида қабл аз пешниҳоди дархост ҷиҳати дастгирии бурсӣ ба лоиҳа бозгӯи он аст, ки аксари беморони пас аз табобат вазъашон беҳтаршуда дигар дар хонаҳояшон нишондодҳои табибонро ба эътибор нагирифта, аз истеъмоли доруҳои аз ҷониби фтизиатрон таъиншуда даст мекашанд, ки дар натиҷа ҳам ба вазъи саломатии худ ва дар оянда ба солимии аҳли оилаву атрофиён низ зарар меоваранд», – мегӯяд А. Сироҷев.
Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа ташкили механизми фаъолияти муштараки мақомоти идоракунӣ, расонидани кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ, ташкили марказу ҳуҷраҳо оид ба дастгирии беморони сил, созмон додани чорабиниҳои маърифатӣ дар маҳаллаҳо, паҳнкунии маводи иттилоотӣ ва ғайра дар назар аст.