Аҳолии деҳаи Чашмаиҷӯшони ноҳияи Мӯъминобод аз даъвати ба таври дастаҷамъона бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ истиқбол намуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати хоҷагии оби ноҳияи мазкур Сайфиддин Бозоров хабар дод.
Ӯ зикр кард, ки боришоти пай дар пайи борон рӯзҳои 17-18-уми ноябр 16 манзили зист, то 500 метр роҳи автомобилгарди деҳаро қисман хароб карда, зерсохтори деҳот низ аз он хисороти гуногун бардошт.
Ба гуфтаи номбурда, аз ҷараёни шадиди сел сарбанди об тоб наовардааст. «Имрӯз барқарор кардани то 80 метри сарбанд ва анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунии рӯдхонаи Лангар зарур аст», – гуфт вай.
С.Бозоров афзуд, барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обии ҷумҳурӣ ва ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод кӯмаки молиявӣ расонида, КВД «Муҳофизат аз сели Тоҷикистон» 5 адад техникаи махсус ҷудо кард.