Шаҳрванди Тоҷикистон ва ду нафар фарзандони ноболиғи ӯ аз асорат дар шаҳри Ростови Русия раҳо шуданд ва рӯзҳои наздик ба ватан бармегарданд.
Дар хусуси ин ҳодиса ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд. «Нимаи моҳи ноябр ба хадамот аз номи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи мусоидат кардан ба раҳоии ҷияни ӯ Наргис Қодирова аз вазъи мушкил, ки тахминан дар Ҳавзаи Ҷанубии федералии Русия қарор дорад, ариза ворид шуд ва сипас ҷиҳати расидагӣ ба ин қазия корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Нусратулло Исматов ба ин минтақас афарбар шуд», – гуфтанд дар хадамот.
Бино ба иттилои манбаъ, корманди намояндагӣ муайян кардааст, ки Наргис Қодирова бо фарзандонаш бо даъват ва ҳамроҳии хеши худ, ки шаҳрванди Русия аст, ба Ростов омада, хешаш ӯро дар назди соҳибкори хусусӣ Мӯсо Магомедов дар хутори Красноармейскии ноҳияи Мартинов бо ҷойи кор таъмин кардааст.
«Ҳеҷ гуна қарордод ё шартномаи меҳнатӣ баста нашудааст. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Наргис, дар чарогоҳ кор кардан зарур буд ва дар сурати розӣ набудан бо шароити кору зиндагӣ, хӯҷаин таҳдид мекардааст, ки ӯро барои пӯшонидани хароҷоти сафараш ба Русия ба Доғистон ба кор мефиристад. Вазъи Наргис ва фарзандони ӯро метавон чун вазъи маҳдуд будан ба ҳаракат аз як ҷой ба макони дигар унвон кард», – иброз доштанд дар Хадамоти матбуот.
Пас аз сӯҳбат бо соҳибкор, Наргис ва фарзандони ӯ озод карда шуда, ҳуҷҷатҳояшон баргардонида шуданд. Имрӯз бо мусоидати корманди Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ва намояндагони диаспораи тоҷик Наргис Қодирова, духтари 13-солаи ӯ Ширинмоҳ ва писари 11-солааш Рухангез тавассути қатора ба Тоҷикистон фиристода шуданд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия бори дигар аз ҳамватанони нияти ба Русия сафардошта хоҳиш мекунад, ки бидуни санҷиши дақиқи пешниҳод дар бораи кор аз ҷониби миёнаравон, ба онҳо бовар накунанд.