Фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия», ки ҳамчун масҷиди оилаи Тӯраҷонзодаҳо маъруф аст, ба муддати се моҳ боздошта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷозода хабар дод, Кумитаи умури дини назди ҳукумати кишвар рӯзи 9-уми декабр ба онҳо расман огоҳинома фиристодааст, ки дар ин масҷид маросими динии «Ошӯро»-и мазҳаби шиа гузаронида шудааст ва дар робита ба ин мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», фаъолияти масҷид боздошта мешавад.
Тӯраҷонзода зикр кард, ки бо қарори мазкури кумита баҳс карданӣ нест, зеро ин кори бефоида аст.
Дар ҳамин ҳол, ӯ тасдиқ кард, ки аз болои раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 6-уми декабри соли равон Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳороте пахш карда, аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост намуд, ки ба ин амали Тўраҷонзодаҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, баҳри пешгирӣ намудани чунин амалҳои бегонапарастӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
Дар изҳорот аз ҷумла зикр гардида буд, ки бо назардошти он, ки мардуми шарифи Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, таърихан на дар Бухорову Самарқанд, на дар Хатлону Хуҷанд ва на Ҳироту Ҳисори бостон, ки садҳо уламо ва донишмандони ҷаҳониро дидааст, дар ҳеҷ давру замон маросими Ошўроро мотам нагирифтаанд, аз ин хотир Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали Тўраҷонзодаҳоро дар мавриди мотамгирии Ошўро, ки дар таърихи 2 декабри соли 2011 дар масҷиди ҷомеи деҳаи Туркободи шаҳри Ваҳдат анҷом доданд, ба пуррагӣ мухолифи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ меҳисобад.
«Амали Тўраҷонзодаҳо, ки ба қолаб ё таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ворид намудани андешаҳои бегона ва ифротиро мемонад, метавонад дар оянда омили навбатии барангехтани фитна, иғво ва бадбинии мазҳабӣ гардад. Шўрои уламо чунин амали иғвогаронаи Тўраҷонзодаҳоро, ки ба хусумат ва бадбинии мазҳабӣ замина мегузорад, қатъиян маҳкум намуда, аз уламо, донишмандон, имомхатибон ва мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорад, ки аз тарғиб ва паҳн намудани дидгоҳи Тўраҷонзодаҳо оиди ин маросим ва пайравӣ ба ақидаи онҳо, дар маҷлису маъракаҳо ва иттиҳодияҳои динӣ худдорӣ кунанд», – таъкид гардида буд дар изҳорот.
Ҳамчунин дар изҳорот аз уламо, донишмандон ва имомхатибон даъват ба амал оварда шуда буд, ки дар байни намозгузорон роҷеъ ба покизагии мазҳаби аҷдодӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.
Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» рӯҳонии маъруф ва сиёсатмадори врзида Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонода изхор кард, ки ӯ ва аҳли оилааш ҳеҷ гоҳ маросими «Ошӯро»ро баргузор накардаанд ва минбаъд ҳам ба доир сохтани он ният надоранд, зеро маросими «Ошӯро» мухолифи мазҳаби сунниии дини ислом аст, ки онҳо ҷонибдорони он мебошанд.
Дар намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта намозгузорони тамоми масҷидҳои кишвар бо матни изҳороти Шӯрои уламо шинос карда шуданд.
Раиси шӯрои уламои ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, ин изҳорот бо мақсади тафриқа наандохтан миёни мусулмонони кишвар қабул гардидааст.
Ба намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта ба масҷиди ҷомеи Муҳаммадияи ҷамоати Туркободи ноҳияи Ваҳдат ҷиҳати шиносоии ибоаткунандагон бо изҳороти Шӯрои уламо, ки дар он оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба баргузории маросими мазҳаби шиа «Ошӯро» гунаҳкор дониста мешавад, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ва раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов омада буданд.
Аммо издиҳом бо фарёдҳои ғазабнок ба раиси Шӯрои уламо имкони суханронӣ надод. Пас аз ин раиси Шӯрои уламо масҷидро тарк гуфта буд.